Ҳимояи рисолаи доктории корманди Агентии амнияти ХБРЯ-и АМИТ
Имрӯз дар шӯрои диссертатсионии муштараки назди Институти химияи ба номи В.И. Никитини АМИТ ва Агентии амнияти химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, таҳти роҳбарии раиси Шӯро - доктори илмҳои химия, профессор, академики АМИТ Улмас Мирсаидов, ҷаласаи Шӯрои дессертатсионӣ баргузор гардад, ки дар он мудири шуъбаи таҳияи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва иҷозатномадиҳии Агентии амнияти ХБРЯ-и АМИТ, Баротзода Бахтиёр, рисолаи доктории худро дар мавзӯи «Асосҳои технологии коркарди маводҳои урандор аз ашёи хоми маҳаллии Ҷумҳурии Тоҷикистон», барои дарёфти дараҷаи доктори илмҳои техникӣ аз рӯи ихтисосҳои 05.17.00 – технологияи химиявӣ (05.17.01– технологияҳои моддаҳои ғайриорганикӣ) ҳимоя намуд.
